Баррасии масъалаи паст кардани фоизи қарзҳо дар БМТ

Дар машварати корие, ки чанде қабл дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо роҳбарони бонкҳо, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Бюрои қарзӣ, Хазинаи суғуртаи амонати шахсони воқеӣ ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди ҷумҳурӣ баргузор гардид, роҳҳои саривақт ва босамар татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи низоми бонкӣ дар семоҳаи якуми соли […]

ASIA-Plus



Дар машварати корие, ки чанде қабл дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо роҳбарони бонкҳо, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Бюрои қарзӣ, Хазинаи суғуртаи амонати шахсони воқеӣ ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди ҷумҳурӣ баргузор гардид, роҳҳои саривақт ва босамар татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи низоми бонкӣ дар семоҳаи якуми соли 2014 барррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар оғози вохӯрӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов диққати роҳбарони бонкҳоро ба амалӣ намудани бандҳои Паёми имсолаи Сарвари давлат, ки ба афзоиши ҷамъоварии амонатҳо, паст кардани фоизи қарзҳо, таъмини дастрасии аҳолӣ ба сарчашмаҳои қарзӣ ва зиёд намудани филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ дар маҳалҳо равона карда шудааст, ҷалб намуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни машварат масъалаҳои муҳими низоми бонкӣ баррасӣ гаштанд, аз ҷумла: ҳамкории ташкилотҳои қарзӣ бо Бюрои қарзӣ ва истифодаи бонкҳо аз маълумотҳои он, пешгирии хавф ҳангоми додани қарзҳо, дастрасӣ ба қарзҳои хурд махсусан дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, автоматизатсиякунии амалиётҳои бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти кормандони бонкҳо, таъмини сатҳи баланди ҳисоботҳо ва ғайра.

Гуфта мешавад, роҳбарони бонкҳо ва дигар иштирокдорони ҷаласа бо мақсади боз ҳам хубтар кардани фаъолияти муассисаҳои бонкӣ пешниҳодҳои худро оид ба масъалаҳои муҳокимашаванда пешкаш карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?