Таҳқиқи ҷузъиёти ҳодисаи қатли корфармо аз ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон

Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба сохторҳои дахлдори намояндагии дипломатӣ ҷиҳати таҳқиқи саҳеҳияти маълумот дар бораи қатли корфармо ва ёвари ӯ аз ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон дар кишвари Хабаровски Русия дастуру супориш дод. Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, оид ба ин ҳодиса онҳо тавассути хабарҳои матбуот огоҳ гардида, феълан […]

ASIA-Plus



Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба сохторҳои дахлдори намояндагии дипломатӣ ҷиҳати таҳқиқи саҳеҳияти маълумот дар бораи қатли корфармо ва ёвари ӯ аз ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон дар кишвари Хабаровски Русия дастуру супориш дод.

Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, оид ба ин ҳодиса онҳо тавассути хабарҳои матбуот огоҳ гардида, феълан дар асоси дастури сафир Консулгарии генералӣ дар Екатеринбург дақиқияти ин хабарро тафтиш ва бо мақомоти кишвари Хабаровск дар тамос шудаанд.

Ба иттилои ӯ, дар робита ба ин казия на сафорат, на Хадамоти консулгарӣ ва на Консулгарии генералӣ дар Екатеринбург, ки кишвари Хабаровск ба ҳавзаи хидматгузории он ворид мешавад, аз мақомоти марбутаи Россия маълумоти расмӣ дастрас накардаанд.

«Мо ният дорем, ки  ҳарчи зудтар ин ҳодисаро дақиқ намоем, зеро ин гуна хабарҳое, ки дар атрофи номи тоҷикон фазои бадномкунанда меофаранд, мутаассифона, дар матбуоти русӣ зиёд ба чолиш кашида мешаванд. Гузашта аз ин, дар бозори муҳоҷирати кории Русия ҳамеша миёни муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои гуногун барои дарёфти ҷойи кор ва шароити беҳтар ҳамеша муқовимати ҷиддӣ мавҷуд аст. Бинобар ин, то дақиқ намудани ин қазия, мо аз шарҳи он худдорӣ мекунем», – иброз дошт М.Эгамзод.

Ёдрас мекунем, ки дар

ҳодисаи қатли

як соҳибкори 53-сола Владимир Фукалов ва ёвари ӯ Дмитрий Болшаков дар кишвари Хабаровски Русия шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон гумонбар дониста мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.