Бахши ҲНИТ дар Суғд ба як маъюб манзил хариданист



Неъматҷон Шарифов, як сокини 44-солаи шаҳри Хуҷанд, ки аз ду пояш маҳрум аст, дар иртибот ба ваъдаи Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд ҷиҳати додани манзили зист ба ӯ ва ҳамчунин кӯмаки наҳзатиёни суғдӣ иттилоъ додааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Илҳомҷони Ёқуб, раиси шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд дар робита ба ин масъала гуфтааст, онҳо Неъматҷон Шарифовро на ҷиҳати харидани манзил ваъдаи кӯмак намудаанд, балки барои иваз кардани прутез (пойи сунъӣ)-и мавсуф, ки 4,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, маблағ ҷамъоварӣ намуда, ба ӯ супурдаанд. Ҳамзамон, ба гуфтаи Илҳомҷони Ёқуб, роҳкиро, харҷи будубоши Неъматҷон Шарифовро дар шаҳри Душанбе зимни насби пойи сунъӣ ба уҳда гирифтаанд.

«Ба Неъматҷон Шарифов ҷиҳати пардохтани яксолаи иҷорапулии манзили зисти ӯ изҳори омодагӣ кардем, вале ӯ ин пешниҳодро рад карда, гуфт, бояд хонаи худро дошта бошад. Агар ҳукумати шаҳри Хуҷанд ҳам барои ӯ хона надиҳад, дигар бародарони ғайринаҳзатие ҳастанд, ки барои харидани як манзил ба Неъматҷон Шарифов изҳори омодагӣ карданд», – иброз доштааст Илҳомҷони Ёқуб.

Ба иттилои мнабаъ, Неъматҷон Шарифов як сокини 44 –солаи Хуҷанд аст, ки ҳашт сол қабл дар Русия бинобар зери трамвай мондан ҳарду пояшро бурдидаанд. Дар натиҷа, ба гуфтаи худи ӯ, зану фарзандонаш Неъматҷон Шарифовро тарк карда, хонаашро низ мегиранд. Баъд аз шаш соли ҷудоӣ бо зане, ки ӯ низ аз як пояш маҳрум аст, ҷаноби Неъматҷон оила барпо мекунаду алъон соҳиби як фарзанд ҳастанд, вале бо вуҷуди ин, феълан оилаи мазкур иҷоранишин аст.

spot_imgspot_img

Популярное