Freedom House: Вазъи озодии ВАО дар Тоҷикистон бад шуд

Дар раддабандӣ (рейтинг)-и озодии васоити ахбори омма, ки аз ҷониби муҳаққиқони Созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ таҳия ва рӯзи панҷшанбе интишор шуд, миёни 197 кишвари дунё Тоҷикистон мақоми 175-умро ишғол намуд. Дар рейтинг Тоҷикистон чун Русия, ки зинаи 176-умро касб кардааст, дар қатори кишварҳои матбуоташон «ноозод» ҷой гирифтааст. Бино ба хулосаҳои муаллифони гузориш, тайи […]

ASIA-Plus



Дар раддабандӣ (рейтинг)-и озодии васоити ахбори омма, ки аз ҷониби муҳаққиқони Созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ таҳия ва рӯзи панҷшанбе интишор шуд, миёни 197 кишвари дунё Тоҷикистон мақоми 175-умро ишғол намуд.

Дар рейтинг Тоҷикистон чун Русия, ки зинаи 176-умро касб кардааст, дар қатори кишварҳои матбуоташон «ноозод» ҷой гирифтааст.

Бино ба хулосаҳои муаллифони гузориш, тайи соли ахир вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон бад шудааст. Соли гузашта Тоҷикистон дар ин рейтинг мақоми 175-умро ишғол карда буд.

Вазъи матбуот дар Нидерланд, Норвегия, Шветсия, Белгия ва Финаландияро муаллифони гузориш бештар «озод» арзёбӣ намудаанд. Кореяи Шимолӣ, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эритрея ва Белорус ба сафи кишварҳои матбуоташон «комилан нооозод» шомил гардидаанд.

Дар гузориши Freedom House зикр мегардад, ки тайи даҳсолаи ахир вазъи озодии матбуот дар саросари ҷаҳон то сатҳи пасттарини ниҳойӣ расидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.