Бахши ҲНИТ дар Суғд ба як маъюб манзил хариданист

Неъматҷон Шарифов, як сокини 44-солаи шаҳри Хуҷанд, ки аз ду пояш маҳрум аст, дар иртибот ба ваъдаи Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд ҷиҳати додани манзили зист ба ӯ ва ҳамчунин кӯмаки наҳзатиёни суғдӣ иттилоъ додааст. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Илҳомҷони Ёқуб, раиси шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд дар робита ба ин масъала гуфтааст, […]

ASIA-Plus



Неъматҷон Шарифов, як сокини 44-солаи шаҳри Хуҷанд, ки аз ду пояш маҳрум аст, дар иртибот ба ваъдаи Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд ҷиҳати додани манзили зист ба ӯ ва ҳамчунин кӯмаки наҳзатиёни суғдӣ иттилоъ додааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Илҳомҷони Ёқуб, раиси шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд дар робита ба ин масъала гуфтааст, онҳо Неъматҷон Шарифовро на ҷиҳати харидани манзил ваъдаи кӯмак намудаанд, балки барои иваз кардани прутез (пойи сунъӣ)-и мавсуф, ки 4,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, маблағ ҷамъоварӣ намуда, ба ӯ супурдаанд. Ҳамзамон, ба гуфтаи Илҳомҷони Ёқуб, роҳкиро, харҷи будубоши Неъматҷон Шарифовро дар шаҳри Душанбе зимни насби пойи сунъӣ ба уҳда гирифтаанд.

«Ба Неъматҷон Шарифов ҷиҳати пардохтани яксолаи иҷорапулии манзили зисти ӯ изҳори омодагӣ кардем, вале ӯ ин пешниҳодро рад карда, гуфт, бояд хонаи худро дошта бошад. Агар ҳукумати шаҳри Хуҷанд ҳам барои ӯ хона надиҳад, дигар бародарони ғайринаҳзатие ҳастанд, ки барои харидани як манзил ба Неъматҷон Шарифов изҳори омодагӣ карданд», – иброз доштааст Илҳомҷони Ёқуб.

Ба иттилои мнабаъ, Неъматҷон Шарифов як сокини 44 –солаи Хуҷанд аст, ки ҳашт сол қабл дар Русия бинобар зери трамвай мондан ҳарду пояшро бурдидаанд. Дар натиҷа, ба гуфтаи худи ӯ, зану фарзандонаш Неъматҷон Шарифовро тарк карда, хонаашро низ мегиранд. Баъд аз шаш соли ҷудоӣ бо зане, ки ӯ низ аз як пояш маҳрум аст, ҷаноби Неъматҷон оила барпо мекунаду алъон соҳиби як фарзанд ҳастанд, вале бо вуҷуди ин, феълан оилаи мазкур иҷоранишин аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.