Дар қитъаи роҳи оҳани самти Спитамен-Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ду вагони боркаш аз релсҳо бероҳа шуда, чаппа шуданд.
Муовини сардори хадамоти боркашонии Идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар вилояти Суғд Убайдулло Обидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин ҳодиса соати 17-00-и рӯзи 30-юми апрел рух додааст.
«Талафоти ҷонӣ нест. Вагонҳо боркаш буда, тариқи транзит аз Ӯзбекистон тавассути Тоҷикистон ба водии Фарғона равона буданд, – гуфтанд дар Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон. – Оид ба озод кардани роҳ тадбирҳои саривақтии зарурӣ андешида шуда, ҳаракат дар ин қитъаи роҳ боздошта нашуд. Вагонҳо дарҳол бардошта шуда, маҳсулоти онҳо зарар надидааст. Вагонҳо минбаъд ба нуқтаи таъинот равона карда шуданд».
Дар Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон таъкид доштанд, ки ин ҷо дар бораи амалҳои барқасдонаи харобкорӣ (диверсия) сухан гуфтан ҷойиз нест, вале ба ҳар ҳол, комиссияи корӣ аз Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон дар ҷойи ҳодиса ба таҳқиқи сабабҳои рух додани он машғуланд.



