Шабдолов: Сокинони Суғд бештар ба масоили рушди иқтисод ва некӯаҳволӣ таваҷҷуҳ доранд

Баъди вохӯрӣ бо интихобкунандагони як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд, раиси ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумон Шодӣ Шабдолов изҳор намуд, ки фаъолияти номунтазами аксари пойгоҳҳои обкашии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Ашт ва Мастчоҳ ба иллати мушкилот бо камбуди барқ, метавонад ба аз кишт дур мондани заминҳои кишоварзӣ боис гардад. Ба қавли ӯ, аксари сокинони вилоят зимни вохӯрӣ […]

Аваз Юлдошев



Баъди вохӯрӣ бо интихобкунандагони як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд, раиси ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумон Шодӣ Шабдолов изҳор намуд, ки фаъолияти номунтазами аксари пойгоҳҳои обкашии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Ашт ва Мастчоҳ ба иллати мушкилот бо камбуди барқ, метавонад ба аз кишт дур мондани заминҳои кишоварзӣ боис гардад.

Ба қавли ӯ, аксари сокинони вилоят зимни вохӯрӣ бо вакилони палатаи поёнии парлумон изҳор доштаанд, ки дар сурати мунтазам фаъолият кардани пойгоҳҳои обкашӣ, ҳосилнокии заминҳои киштро ба андозаи 30-40% боло бурдан имконпазир аст.

«Ғайр аз ин, сокинони манотиқи деҳоти вилоят аз корношоямии комили роҳҳои байнихоҷагӣ дар ташвишанд, ки худашон мустақилона бидуни кумаки ҳукумат аз таъмир бароварда наметавонанд», – гуфт вакил.

Раиси ҲКТ зикр кард, ки омӯзгорони вилоят ба дастрасии имтиёзоти амалдошта дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ, аз қабили гирифтани қитъаи замин барои сохтмони манзил, имтиёзҳо барои истифодаи нерӯи барқ, таъмин бо ангишт ва ғайра умедворанд.

«Интихобкунандагон изҳор намуданд, ки дар сурати таъмини сокинони деҳот бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, оилаҳо ва бозории маҳаллиро метавон бо сабзавоту мева ва гӯшту шир таъмин намуд», – таъкид кард Шабдолов.

Дар идома ӯ қайд кард, ки интихобкунандагон аз вакилон ҳамчунин қабули қонун дар бораи таҳти назорати ҷиддӣ гирифтани заминҳои кишоварзӣ дар ҷумҳуриро дархост кардаанд, зеро баъзе деҳқонони навпайдошуда бо роҳу воситаҳои гуногун заминҳоро гирифта, вале солҳои зиёд онҳо бекор мемонанд.

Шабдолов изҳор кард, ки кишоварзони Суғд аз ҳодисаҳои маблағситонии кормандони сохторҳои давлатии гуногун аз селитра, карбамид ва нуриҳои минералии аз хориҷи кишвар воридшуда низ дар ташвишанд, ки дар натиҷа нархи нуриҳои минералии воридотӣ се баробар ва аз ин ҳам бештар меафзояд.

Ба гуфтаи вакили парлумон, ташаббуси ба кишоварзони маҳаллӣ бепул тақсим кардани сертификатҳо ба истифодаи заминро, ки раҳбарияти нави вилояти Суғд мавриди амал қарор додааст, мебояд дар саросари кишвар роҳандозӣ намуд. «Дар натиҷаи ин иқдоми ҳукуматдорони вилояти Суғд ҳазорон муҳоҷирони корӣ ба ватан баргаштанд», – афзуд Шодӣ Шабдолов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.