Дар қитъаи роҳи оҳани Суғд ду вагон чаппа шуд

Дар қитъаи роҳи оҳани самти Спитамен-Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ду вагони боркаш аз релсҳо бероҳа шуда, чаппа шуданд. Муовини сардори хадамоти боркашонии Идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар вилояти Суғд Убайдулло Обидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин ҳодиса соати 17-00-и рӯзи 30-юми апрел рух додааст. «Талафоти ҷонӣ нест. Вагонҳо боркаш буда, тариқи […]

Заррина Эргашева



Дар қитъаи роҳи оҳани самти Спитамен-Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ду вагони боркаш аз релсҳо бероҳа шуда, чаппа шуданд.

Муовини сардори хадамоти боркашонии Идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар вилояти Суғд Убайдулло Обидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин ҳодиса соати 17-00-и рӯзи 30-юми апрел рух додааст.

«Талафоти ҷонӣ нест. Вагонҳо боркаш буда, тариқи транзит аз Ӯзбекистон тавассути Тоҷикистон ба водии Фарғона равона буданд, – гуфтанд дар Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон. – Оид ба озод кардани роҳ тадбирҳои саривақтии зарурӣ андешида шуда, ҳаракат дар ин қитъаи роҳ боздошта нашуд. Вагонҳо дарҳол бардошта шуда, маҳсулоти онҳо зарар надидааст. Вагонҳо минбаъд ба нуқтаи таъинот равона карда шуданд».

Дар Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон таъкид доштанд, ки ин ҷо дар бораи амалҳои барқасдонаи харобкорӣ (диверсия) сухан гуфтан ҷойиз нест, вале ба ҳар ҳол, комиссияи корӣ аз Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон дар ҷойи ҳодиса ба таҳқиқи сабабҳои рух додани он машғуланд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.