Ҷаримабандии сокини пойтахт барои нигаҳдории чорвои хонагӣ



Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сокини кӯчаи Телман Аҳмад Гиёевро барои нигаҳдоии ду гов ва хар дар ҳавлиаш ба маблағи 400 сомонӣ ҷаримабандӣ кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Шӯрои адлияи Тоҷикистон хабар доданд, А.Гиёев барои риоя накардани талаботи қонун «Дар бораи мақоми пойтахти Тоҷикистон», ки парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолиро манъ кардааст, ҷаримабандӣ шуд.

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамеша аз муовинонаш ва хадамоти дахлдори шаҳрӣ назорати ҷиддӣ аз болои иҷрои ин қонунро талаб мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное