Раҳмон ва Бердимуҳаммедов бо рафти сохтмони «Тахти Наврӯз» шинос шуданд



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе ташриф овардааст, бо рафти сохтмону таҷҳиз ва ороиши Маркази фарҳангию фароғатии Тахти Наврӯз шинос шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Маркази фарҳангию фароғатии Тахти Наврӯз дар рӯ ба рӯйи варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ва шафати кули ҷавонон қомат рост намуда, ба ин мавзеи сайру тамошои пойтахт ҳусни тоза зам намудааст.

Чунонки аён гардид, бинои сеошёнаи Тахти Наврӯз мутобиқ бо анъанаҳои бисёрҳазорсолаи меъморӣ ва ороиши миллии тоҷикӣ ва ҳам бо истифода аз технологияҳои муосири сохтмонӣ бунёд меёбад.

Тибқи нақша, ин маркази беҳамтои фарҳангӣ то моҳи сентябри соли равон бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Сипас Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба қароргоҳи беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд. Шиносоӣ бо табиати зебою дилфиреби дараи Варзоб, ки минтақаи истироҳату сайёҳӣ эълон гардидааст, боиси болидахотирии меҳмони олимақом ва ҳайати ҳамроҳи ӯ гардид.

spot_imgspot_img

Популярное