Рӯзҳои 12-15-уми майи соли равон намояндагони корхонаҳои иқтисодиву тиҷоратии Белорус аз Душанбе боздид мекунанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) хабар доданд, ин сафар бо мақсади тавсеъаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистону Белорус сурат мегирад.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати Белорусро муовини директори генералӣ оид ба робитаҳои иқтисодии хориҷии Шуъбаи Палатаи савдо ва саноати Белорус дар шаҳри Минск Татяна Дубова сарварӣ мекунад.
Дар ПСС ҶТ қайд карданд, ки нимаи дуюми рӯзи 13-уми май дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» вохӯрии доираҳои кории Тоҷикистон ва Белорус доир мегардад.
«Дар доираи ин вохӯрӣ имконоти иқтисодӣ ва саноатии Белорус ва Тоҷикистон муаррифӣ шуда, доир ба масоили васеи роҳандозии ҳамкориҳо гуфтушунидҳои намояндагони корхонаҳои ҳарду кишвар, намояндагони минтақаҳо ва палатаҳои савдо ва саноат баргузор мешавад», – гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки намояндагони корхонаҳо ва соҳибкорону тоҷирони Белорус ҳамчунин аз корхонаҳои Тоҷикистон ва ҷойҳои тамошобоби сарзамини кӯҳистон низ боздид хоҳанд кард.



