Ташрифи намояндагони корхонаҳои Белорус ба Тоҷикистон

Рӯзҳои 12-15-уми майи соли равон намояндагони корхонаҳои иқтисодиву тиҷоратии Белорус аз Душанбе боздид мекунанд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) хабар доданд, ин сафар бо мақсади тавсеъаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистону Белорус сурат мегирад. Ба иттилои манбаъ, ҳайати Белорусро муовини директори генералӣ оид ба робитаҳои иқтисодии […]

Пайрав Чоршанбиев



Рӯзҳои 12-15-уми майи соли равон намояндагони корхонаҳои иқтисодиву тиҷоратии Белорус аз Душанбе боздид мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) хабар доданд, ин сафар бо мақсади тавсеъаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистону Белорус сурат мегирад.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати Белорусро муовини директори генералӣ оид ба робитаҳои иқтисодии хориҷии Шуъбаи Палатаи савдо ва саноати Белорус дар шаҳри Минск Татяна Дубова сарварӣ мекунад.

Дар ПСС ҶТ қайд карданд, ки нимаи дуюми рӯзи 13-уми май дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» вохӯрии доираҳои кории Тоҷикистон ва Белорус доир мегардад.

«Дар доираи ин вохӯрӣ имконоти иқтисодӣ ва саноатии Белорус ва Тоҷикистон муаррифӣ шуда, доир ба масоили васеи роҳандозии ҳамкориҳо гуфтушунидҳои намояндагони корхонаҳои ҳарду кишвар, намояндагони минтақаҳо ва палатаҳои савдо ва саноат баргузор мешавад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки намояндагони корхонаҳо ва соҳибкорону тоҷирони Белорус ҳамчунин аз корхонаҳои Тоҷикистон ва ҷойҳои тамошобоби сарзамини кӯҳистон низ боздид хоҳанд кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.