Истеҳсоли беш аз 40 млн. кВт/соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз

Имрӯз ҳаҷми шабонарӯзии истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон 43 млн. 431 ҳазор кВт/соатро ташкил медиҳад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар доданд, ин ҳаҷм барои таъмини тамоми минтақаҳои кишвар бо барқ кофӣ аст. Қобили зикр аст, ки аз нимаи моҳи апели соли ҷорӣ реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистон тадриҷан […]

Заррина Эргашева



Имрӯз ҳаҷми шабонарӯзии истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон 43 млн. 431 ҳазор кВт/соатро ташкил медиҳад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар доданд, ин ҳаҷм барои таъмини тамоми минтақаҳои кишвар бо барқ кофӣ аст.

Қобили зикр аст, ки аз нимаи моҳи апели соли ҷорӣ реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистон тадриҷан бекор карда шуд.

«Имрӯз сатҳи маҷрои дарёи Вахш ҳам барои истеҳсоли нерӯи барқ ва ҳам захираи об дар обанборҳои нерӯгоҳҳо кифоя мебошад», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба маълумоти Вазорат, феълан сатҳи маҷрои оби дарёи Вахш ба нерӯгоҳи «Норак» 946 метри мукааб дар як сония ва хароҷоти об дар нерӯгоҳ 626 метри мукаабро ташкил медиҳад.

Маврид ба ёдоварист, ки ҳангоми амал кардани реҷаи маҳудуди истифодаи барқ, ки аз тирамоҳи соли 2013 ҷорӣ шуда буд, маҷрои оби дарёи Вахш ба ҳисоби миёна ба каме аз 240 метри мукааб дар як сония баробар буд, ки барои дар ҳаҷми кофӣ истеҳсол кардани барқ имкон намедод. Маҳз бо ҳамин сабаб ҳамасола дар мавсими тирамоҳу зимистон дар Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ роҳандозӣ мешавад.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, аз оғози соли 2014 ҳаҷми нерӯи барқи истеҳсолшуда дар тамоми нерӯгоҳҳои барқии Тоҷикистон (ба ҷуз ВМКБ) 4 млрд. 318 кВт/соатро ташкил додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.