Беҳбудии вазъи солимии Шаҳбол Мирзоев пас аз ҷарроҳӣ

Вазъи солимии сарбози латукӯбшудаи тоҷик Шаҳбол Мирзоев рӯ ба беҳбудӣ меорад. Тавре ба «Азия-Плюс» Нуъмон Мирзоев, падари сарбоз тариқи телефон аз шаҳри Красногорски вилояти Маскав хабар дод, табибони госпитали ҳарбӣ рӯзи 5-уми май муддати 5 соат сутунмӯҳра ва гардани сарбозро ҷароҳӣ намуда, аз ояндаи нек умедворӣ мекунанд. «Ба нишастани ӯ табибон иҷозат доданд, ҳарчанд муддати […]

Мавзуна Абдуллоева



Вазъи солимии сарбози латукӯбшудаи тоҷик Шаҳбол Мирзоев рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» Нуъмон Мирзоев, падари сарбоз тариқи телефон аз шаҳри Красногорски вилояти Маскав хабар дод, табибони госпитали ҳарбӣ рӯзи 5-уми май муддати 5 соат сутунмӯҳра ва гардани сарбозро ҷароҳӣ намуда, аз ояндаи нек умедворӣ мекунанд.

«Ба нишастани ӯ табибон иҷозат доданд, ҳарчанд муддати 2 моҳ ӯ хобида, мустақилона ҳаракат карда наметавонист. Маблағи хароҷот дар госпитал аллакай ба 370 ҳазор рубли русӣ расида, боз пули ҷарроҳии гаронарзишро низ пардохт мебояд кард», – гуфт Н.Мирзоев.

Қаблан сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев низ ба бемористони ба номи А.А. Вишневскийи Вазорати мудофиаи Русия дар шаҳри Красногорски вилояти Москва рафта,  Шаҳбол Мирзоев, сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро, ки барои ҷарроҳӣ ба Маскав оварда шудааст, аёдат кард.

Падари сарбоз барои ба Русия бурдани писараш маҷбур манзили истиқоматиаш дар ноҳияи Аштро фурӯхт. Табибони Русия изҳор доштаанд, ки, ки зимни чунин ҷароҳатҳо ҷарроҳӣ ҳатмӣ аст ва ба анҷоми муваффақонаи он кафолат додаанд. Арзиши пешакии ҷарроҳӣ дар дармонгоҳи Русия беш аз 400 ҳазор рубли русӣ (зиёда аз 11 ҳазор $)-ро ташкил медиҳад, аммо арзиши ниҳоӣ пас аз муоинаи сарбоз маълум мешавад.

Ёдрас мекунем, ки гурӯҳи табибон аз Эрон барои гузаронидани ҷарроҳии сутунмуҳраи сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоев, ки рӯзи 6-уми марти соли ҷорӣ бар асари лату кӯб аз ҷониби фелдшери қисми ҳарбии 2026 воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳат бардошта буд, ба Тоҷикистон наомаданд.

Сабаби ба Тоҷикистон наомадани онҳо ба суратҳисоби дармонгоҳи Сино интиқол нагардидани беш аз 56 ҳазор сомонӣ маблағи зарурӣ барои хароҷоти ҷарроҳии сарбоз аз ҷониби қисми низомии 2026 унвон шуда буд.

Нарзулло Расулов, муовини сардори ситоди госпитали марказии нерӯҳои мразбонии ҶТ мутмаинона изҳор карда буд, ки Шаҳбол Мирзоев ба ҷарроҳӣ ниёз надорад ва мутаносибан ба интиқоли маблағи пулӣ низ ҳеҷ зарурате нест.

«Шаҳбол Мирзоев ба ҷарроҳӣ ниёз надорад. Сарбозро 12 нафар профессорон муоина мекунанд ва ба гуфтаи онҳо, осебҳои сутунмуҳра дар қисмати гардан аллакай шифо ёфта истодаанд. Дар саросари дунё ин гуна беморон ҷарроҳӣ намешаванд. Рӯзҳои наздик мо бо гурӯҳи табибон аз Эрон машварат баргузор намуда, ба хулосаи ягона мерасем», – иброз дошт Расулов.

Аввали моҳи март сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо лату кӯб карда, гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Чанде қабл як гурӯҳи шаҳрвандони ташаббускори Тоҷикистон ба хотири дастгирии сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев пешниҳод карданд, ки доранд, ки барои анҷом додани ҷарроҳии сутунмӯҳраи сарбоз аз воситаҳои худӣ маблағи зарурӣ ҷамъоварӣ карда шавад. Рӯзи 17-уми апрел дар «Агроинветсбонк» ба номи сарбоз суратҳисоб кушода шуда, хоҳишмандон мувофиқи имкон метавонанд ба он маблағ гузаронанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.