Баррасии масоили омодасозии кадрҳо барои кишварҳои узви СААД дар Душанбе



Ҳафтаи равон дар доираи ҳамкориҳои муштараки созмонҳои байналхалқӣ дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа бо иштироки намояндагони сохторҳои қудратӣ ва муассисаҳои таълимӣ-ҳарбии кишварҳои аъзои Созмони Аҳномаи Амнияти Дастаҷамъӣ таҳти мавзӯи «Пурзӯрнамоии ҳатмии вазифаи Ситоди дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар кори омодасозии кадрҳо ва мутахассисон, барои кишварҳои аъзо» ҷаласаи васеи илмӣ доир гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати мудофиаи ҶТ, дар ҷараёни кори ҷаласа масъулини вобастаи соҳаи кадрии вазоратҳои мудофиаи кишварҳои аъзои созмони мазкур-Федератсияи Руссия, Белорусия, Армения, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷарёни баргузории ҷаласа иштирокчиён бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, перомуни рушд ва ҳолати тайёр намудани мутахассисони ҳарбии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ суханронӣ намуданд.

Гуфта мешавад, муассисаҳои таълимии тобеи вазоратҳои мудофиа дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илм дар омода намудани мутахассисони ҳарбӣ масъулияти баландро бар дӯш доранд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар охир таваҷҷӯҳи асосӣ дар самти иҷроиши ҳатмии нақшаи амалигардонии роҳҳои асосии рушди ҳамкориҳои ҳарбии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ то соли 2020-ум, ки 23-юми сентябри соли 2013 бо қарори Шӯрои дастаҷамъӣ ва бехатарии созмони мазкур, дар хусуси омода намудани мутахассисони ҳарбӣ тасдиқ гардидааст, зоҳир карда шуд.

spot_imgspot_img

Популярное