Гуфтушунидҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили марзӣ дар Душанбе


Г

уфтушуниди гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаҳои марбут ба марзи давлатӣ рӯзи 11-уми май дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Муовини нахуствазири Қирғизистон оид ба масоили мудофиа, амният ва масъалаҳои марзӣ Абдураҳман Маматалиев ба

«Киргиз Пресс»

дар ин робита изҳор намудааст, ки гуфтушунид дар сатҳи муовинони нахуствазири кишварҳо баргузор мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, дар гуфтушуниди мазкур баррасии масъалаи таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ ва ҳамчунин сохтмони роҳи автомобилгарди наздимарзии Куктош – Оқсой – Тамдик дар вилояти Ботканд дар назар аст.

«Қаблан зимни вохӯрии гурӯҳи корӣ ҷонибҳо оид ба пешниҳодоташон дар мавриди ин масъала ибрози назар намуда, ҷониби Тоҷикистон исрор варзидааст, ки роҳро онҳо месозанд, аммо ин пешниҳод ба мавқеи мо созгор нест, зеро ин роҳ қаламрави моро убур намуда, мутаносибан онро мо бояд созем», – таъкид доштааст муовини нахуствазир.

Қобили зикр аст, ки Қирғизистон гузаргоҳҳои марзияш бо Тоҷикистонро, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи 11-уми январ яктарафа аз ҷониби Бишкек баста шуда буд, аввали моҳи апрел боз кард.

spot_imgspot_img

Популярное