Гуфтушунидҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили марзӣ дар Душанбе

Г уфтушуниди гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаҳои марбут ба марзи давлатӣ рӯзи 11-уми май дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Муовини нахуствазири Қирғизистон оид ба масоили мудофиа, амният ва масъалаҳои марзӣ Абдураҳман Маматалиев ба «Киргиз Пресс» дар ин робита изҳор намудааст, ки гуфтушунид дар сатҳи муовинони нахуствазири кишварҳо баргузор мешавад. Ба гуфтаи ӯ, дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Г

уфтушуниди гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаҳои марбут ба марзи давлатӣ рӯзи 11-уми май дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Муовини нахуствазири Қирғизистон оид ба масоили мудофиа, амният ва масъалаҳои марзӣ Абдураҳман Маматалиев ба

«Киргиз Пресс»

дар ин робита изҳор намудааст, ки гуфтушунид дар сатҳи муовинони нахуствазири кишварҳо баргузор мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, дар гуфтушуниди мазкур баррасии масъалаи таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ ва ҳамчунин сохтмони роҳи автомобилгарди наздимарзии Куктош – Оқсой – Тамдик дар вилояти Ботканд дар назар аст.

«Қаблан зимни вохӯрии гурӯҳи корӣ ҷонибҳо оид ба пешниҳодоташон дар мавриди ин масъала ибрози назар намуда, ҷониби Тоҷикистон исрор варзидааст, ки роҳро онҳо месозанд, аммо ин пешниҳод ба мавқеи мо созгор нест, зеро ин роҳ қаламрави моро убур намуда, мутаносибан онро мо бояд созем», – таъкид доштааст муовини нахуствазир.

Қобили зикр аст, ки Қирғизистон гузаргоҳҳои марзияш бо Тоҷикистонро, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи 11-уми январ яктарафа аз ҷониби Бишкек баста шуда буд, аввали моҳи апрел боз кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.