Қарзи «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳҳои Сангтӯда ба беш аз 550 млн. сомонӣ расид

Ба аввали моҳи май қарзи умумии ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳҳои барқии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» 557,6 млн. сомониро ташкил дод. Аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар робита иттилоъ доданд, ки тибқи реҷаи қаблан тасдиқшуда ширкат ҳар моҳ ҳудуди 10 млн. сомонӣ ба ҶСК «НБО Сангтӯда-1» ва наздики 3 млн. сомонӣ ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» маблағи […]

Заррина Эргашева



Ба аввали моҳи май қарзи умумии ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳҳои барқии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» 557,6 млн. сомониро ташкил дод.

Аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар робита иттилоъ доданд, ки тибқи реҷаи қаблан тасдиқшуда ширкат ҳар моҳ ҳудуди 10 млн. сомонӣ ба ҶСК «НБО Сангтӯда-1» ва наздики 3 млн. сомонӣ ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» маблағи қарзро пардохт мекунад.

Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», қарз ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 400 млн. сомониро ташкил медиҳад, лекин дар маълумоти интишоршуда дар сомонаи ҶСК «Сангтӯда-1», қарз ба 417,6 млн. сомонӣ баробар буда, аз моҳи марти соли 2014 маблағи қарз 24,6 млн. сомонӣ афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз маъмурияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки айни замон нерӯгоҳ фаъолият дошта, бо дархости ҷониби Тоҷикистон онҳо метавонанд агрегати дуюми нерӯгоҳро ҳам ба кор дароранд.

«Имрӯз танҳо як агрегат кор мекунад. Бо дархости ширкати «Барқи тоҷик» мо метавонем агрегати дуюмро ба кор дарорем ё фаъолияти онро қатъ созем. Мушкилоти асосӣ дар кор ба иллати қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба вуҷуд меояд. То имрӯз дар нерӯгоҳ беш аз 1 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шуд», – гуфтанд дар нерӯгоҳ.


ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1»

корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт арзёбӣ шудааст. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 600 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 25%-и саҳми он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад. Агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январи соли 2008 ва 31-уми июли соли 2009 пурра чор агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ҳиссаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 15% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда рост меояд. 

Сохтмони

нерӯгоҳи «Сангтӯда-2»

20-уми феврали соли 2006 расман оғоз гардид. Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 лоиҳаи муштараки Эрону Тоҷикистон буда, ҳиссаи Тоҷикистон дар он 40 млн. $ ва ҳиссаи Эрон 180 млн. $-ро ташкил медиҳад. Майдони сохтмони нерӯгоҳи барқии Сангтӯда-2 дар 120 километрии ҷанубу шарқи Душанбе воқеъ аст. Даромади 12,5 соли аввали кори он ба ихтиёри Эрон вогузор хоҳад шуд. Пас аз ин нерӯгоҳ пурра ба ихтиёри Тоҷикистон мегузарад. Нерӯгоҳ аз ду агрегат иборат аст, ки иқтидори ҳар кадоме ба 110 МВт баробар аст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.