Муҳлати ҳабси адвокати Зайд Саидов дароз карда шуд



Чанде қабл бо қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт муҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани Фахриддин Зокиров, яке аз адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ба муҳлати ду моҳ дароз карда шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» наздикони Фахриддин Зокиров хабар доданд, ҳамин тариқ ӯ то аввали моҳи июл дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи март Фахриддин Зокиров аз ҷониби кормандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ

боздошт шуд.

Ӯ ба содир намудани ҷинояти пешбинишуда тибқи моддаи 247-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) гумонбар дониста мешавад.

Фахриддин Зокиров ва як ҳаммаслаки ӯ ба он гунаҳкор дониста мешаванд, ки тариқи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ аз «Тоҷиксодиротбонк» дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА қарз гирифтаанд.

spot_imgspot_img

Популярное