Тоҷикистон тафтиши муноқишаи дирӯза дар марзро оғоз кард

Субҳи имрӯз муфаттишони Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд тафтиши ҳодисаи муноқишаи дирӯза дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро оғоз намуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, дар ҷойи ҳодиса таҳти сарварии сардори Раёсати ВКД ҶТ дар Суғд Шариф Назаров гурӯҳи махсуси фаврӣ-тафтишотӣ машғули кор аст. «Муфаттишон сокинони маҳаллӣ, шоҳидони ҳодисаи задухӯрди […]

Аваз Юлдошев



Субҳи имрӯз муфаттишони Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд тафтиши ҳодисаи муноқишаи дирӯза дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро оғоз намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, дар ҷойи ҳодиса таҳти сарварии сардори Раёсати ВКД ҶТ дар Суғд Шариф Назаров гурӯҳи махсуси фаврӣ-тафтишотӣ машғули кор аст.

«Муфаттишон сокинони маҳаллӣ, шоҳидони ҳодисаи задухӯрди оммавии шаҳрвандони ҳарду кишварро, ки бар асари он беш аз 60 нафар аз ҳарду ҷониби ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд, бозпурсӣ доранд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, вазъ дар марз таҳти назорат қарор дошта, дастаҳои пурзӯршудаи милисаи точику қирғиз ва марзбонон ваъда додаанд, ки дигар ба муташанниҷ гардидани вазъ роҳ намедиҳанд.

Роҳи миёни Исфара ва Ворух аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон баста шуда, то ҳанӯз ҳам боз нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки қарибиҳои шоми дирӯз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар роҳи мошингарди миёни Исфара ва ҷамоати Ворух, наздикии деҳаи қирғизии Куктош миёни шаҳрвандони ҳарду кишвар

муноқишаи навбатӣ

ба вуқӯъ пайваста, бар асари он ҳудуди 60 нафар аз ҳарду ҷониб осеб диданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.