Муҳлати ҳабси адвокати Зайд Саидов дароз карда шуд

Чанде қабл бо қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт муҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани Фахриддин Зокиров, яке аз адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ба муҳлати ду моҳ дароз карда шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» наздикони Фахриддин Зокиров хабар доданд, ҳамин тариқ ӯ то аввали моҳи июл дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ нигаҳдорӣ мешавад. […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл бо қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт муҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани Фахриддин Зокиров, яке аз адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ба муҳлати ду моҳ дароз карда шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» наздикони Фахриддин Зокиров хабар доданд, ҳамин тариқ ӯ то аввали моҳи июл дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи март Фахриддин Зокиров аз ҷониби кормандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ

боздошт шуд.

Ӯ ба содир намудани ҷинояти пешбинишуда тибқи моддаи 247-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) гумонбар дониста мешавад.

Фахриддин Зокиров ва як ҳаммаслаки ӯ ба он гунаҳкор дониста мешаванд, ки тариқи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ аз «Тоҷиксодиротбонк» дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА қарз гирифтаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.