Дар робита ба рӯйдодҳои ахири рухдода дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон роҳҳои ҳалли масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, хостори ҳалли вазъ дар фазои ҳуқуқӣ, рӯҳияи анъанавии ҳамҷаворӣ ва ҳусни тафоҳум аст.
Дар иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр мегардад, ки айни замон барои муайян кардани сабабҳои рух додани муноқиша сохторҳои дахлдори ҳарду кишвар тадбирҳои муштарак меандешанд.
Қаблан сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов ба Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон даъват шуда, вазири корҳои хориҷии ин кишвар Эрлан Абдилдаев ба ӯ нотаи эътирозӣ супурд ва «аз амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон шадидан изхори нигаронӣ намуд».
Ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Қирғизисто талаб кардааст, ки барои дарёфт ва муҷозоти афроди гунаҳкор ва ҷуброни зарари моддии расида ба шаҳрвандони Қирғизистон чораҷӯӣ карда шавад.
Ёдрас мекунем, ки қарибиҳои шоми рӯзи 7-уми май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар роҳи мошингарди миёни Исфара ва ҷамоати Ворух, наздикии деҳаи қирғизии Куктош миёни шаҳрвандони ҳарду кишвар муноқишаи навбатӣ ба вуқӯъ пайваста, бар асари он ҳудуди 60 нафар аз ҳарду ҷониб осеб диданд.
Шуъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки дар қитъаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон воҳидҳои нерӯҳои марзбонии Ботканд ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида шудаанд.



