ВКХ Тоҷикистон хостори ҳалли мусолиматомези вазъ дар марз бо Қирғизистон аст

Дар робита ба рӯйдодҳои ахири рухдода дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон роҳҳои ҳалли масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, хостори ҳалли вазъ дар фазои ҳуқуқӣ, рӯҳияи анъанавии ҳамҷаворӣ ва ҳусни тафоҳум аст. Дар иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр мегардад, ки айни замон барои муайян кардани сабабҳои рух додани муноқиша сохторҳои […]

ASIA-Plus



Дар робита ба рӯйдодҳои ахири рухдода дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон роҳҳои ҳалли масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, хостори ҳалли вазъ дар фазои ҳуқуқӣ, рӯҳияи анъанавии ҳамҷаворӣ ва ҳусни тафоҳум аст.

Дар иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр мегардад, ки айни замон барои муайян кардани сабабҳои рух додани муноқиша сохторҳои дахлдори ҳарду кишвар тадбирҳои муштарак меандешанд.

Қаблан сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов ба Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон даъват шуда, вазири корҳои хориҷии ин кишвар Эрлан Абдилдаев ба ӯ нотаи эътирозӣ супурд ва «аз амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон шадидан изхори нигаронӣ намуд».

Ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Қирғизисто талаб кардааст, ки барои дарёфт ва муҷозоти афроди гунаҳкор ва ҷуброни зарари моддии расида ба шаҳрвандони Қирғизистон чораҷӯӣ карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки қарибиҳои шоми рӯзи 7-уми май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар роҳи мошингарди миёни Исфара ва ҷамоати Ворух, наздикии деҳаи қирғизии Куктош миёни шаҳрвандони ҳарду кишвар муноқишаи навбатӣ ба вуқӯъ пайваста, бар асари он ҳудуди 60 нафар аз ҳарду ҷониб осеб диданд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки дар қитъаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон воҳидҳои нерӯҳои марзбонии Ботканд ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?