Дар Душанбе маросими гулгузорӣ назди гулхани ёдгорӣ баргузор шуд

Рӯзи 9-уми май бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати солгарди 69-умини солгарди ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 маросими гулгузорӣ дар назди гулхани ёдгорӣ баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, па поси хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки беш аз 100 […]

ASIA-Plus



Рӯзи 9-уми май бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати солгарди 69-умини солгарди ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 маросими гулгузорӣ дар назди гулхани ёдгорӣ баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, па поси хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки беш аз 100 ҳазори онҳо фиристодагони Тоҷикистон буданд, гулчанбарҳо гузошта шуд.

«Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани гулчанбар хотираи қаҳрамонону иштирокдорони он ҷанги пурдаҳшатро пос дошт», – гуфта мешавад дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, сипас гулчанбарҳо аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, сохторҳои қудратии Тоҷикистон, корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе, пойгоҳи низомии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва аз номи ҷавонони кишвар гузошта шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо намояндагони насли наврасу ояндасози кишвар ва собиқадорони ҷангу меҳнат аз надик суҳбат намуда, ба ин пирони барнодил арзи қадрдонӣ намуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.