Раҳмон бори нахуст оид ба вазъи Украина ибрози назар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо президенти Русия Владимир Путин рӯйдодҳои ахири Украинаро бо ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон муқоиса карда, изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон аз воқеъаҳои ҷараёндошта дар ин кишвари пасошӯравӣ нигаронанд. «Бо ҷараёни чунин рӯйдодҳо мо ошноем. Дар марҳилаи ибтидоии соҳибистиқлолӣ, аввали солҳои 90-уми қарни гузашта Тоҷикистон мухолифатҳои дохилӣ […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо президенти Русия Владимир Путин рӯйдодҳои ахири Украинаро бо ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон муқоиса карда, изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон аз воқеъаҳои ҷараёндошта дар ин кишвари пасошӯравӣ нигаронанд.

«Бо ҷараёни чунин рӯйдодҳо мо ошноем. Дар марҳилаи ибтидоии соҳибистиқлолӣ, аввали солҳои 90-уми қарни гузашта Тоҷикистон мухолифатҳои дохилӣ ва баъдан низои мусаллаҳонаеро паси сар намуд, ки ба оқибатҳои хеле вазнини иқтисодиву иҷтимоӣ ва гуманитарӣ боис гардид», – иброз доштааст Раҳмон.

Ба гуфтаи ӯ, ин воқеъияти таърихии начандон дур – ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки дар он беш аз 157 ҳазор нафар ҳалок шудаву ба ҷумҳурӣ 10 млрд. доллар зиён расид, ёдоварие аз нозукиву осебпазирии сулҳи ҷомеа ва зарурати иродаи қавии сиёсӣ барои кӯшиши зиёд ба харҷ додан баҳри расидан ба муттаҳидии ҷомеа, ноил гардидан ба созиши умумӣ ва суботу оромӣ дар кишвар аст.

«Ба назари мо, имрӯз мусоидат ба дарк ва арзёбии воқеъии ҷараёнҳои мавҷуда дар Украина, роҳ надодан ба низоъи мусаллаҳона ва зӯроварӣ муҳим аст. Мо ҷонибдори онем, ки бӯҳрони Украина бо роҳҳои сулҳомез ва тавассути гуфтугӯю муколамаи созанда ҳалли худро ёбад”, – изҳор намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Русия ва Қирғизистон дар шаҳри Маскав доир ба масоили умдаи вобаста ба авзои амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон гуфтугӯй сурат гирифта, ҳамчунин аз вазъи номатлуб дар Шарқи Наздику Африқои Шимолӣ изҳори нигаронӣ карда шуд.

Ҷустуҷӯи роҳҳои муассири ҳамгироӣ доир ба таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки нақшаҳои қаблан мувофиқашуда доир ба кумаки фаврии техникӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон бояд дар амал татбиқ шаванд.

Ёдрас мекунем, ки бо даъвати президенти Русия Владимир Путин рӯзи 8-уми май дар шаҳри Маскав мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Русия ва Қирғизистон баргузор шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.