Гуфтушуниди Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили марзӣ



Имрӯз дар шаҳри Душанбе гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи муовинони нахуствазир оид ба масоили марзӣ доир мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ҳайати Қирғизистон таҳти сарварии муовини нахуствазир  ин кишвар Абдураҳмон Маматалиев дар Душанбе қарор дорад.

Ба иттилои манбаъ, сабаби ба рӯзи дигар мавқуф гузоштани гуфтушунид ҳодисаи санаи 7-уми май рухдода дар марз мебошад, ки бар асари он аз ҳарду ҷониби 60 нафар осеб диданд.

«Сабабҳои рух додани ин ҳодисаро Тоҷикистону Қирғизистон ҳар кадоме дар дохили кишварҳо таҳқиқ карда, аз натиҷаҳои он имрӯз ҷонибҳо ба ҳамдигар ибрози назар мекунанд», – гуфт сарчашмаи хабар.

Ёдрас мекунем, ки қарибиҳои

шоми рӯзи 7-уми май

дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар роҳи мошингарди миёни Исфара ва ҷамоати Ворух, наздикии деҳаи қирғизии Куктош миёни шаҳрвандони ҳарду кишвар муноқишаи навбатӣ ба вуқӯъ пайваста, бар асари он ҳудуди 60 нафар аз ҳарду ҷониб осеб диданд.

spot_imgspot_img

Популярное