Дархости президент оид ба бори навбатӣ Омбудсмен таъин кардани Ализода

Президенти Тоҷикистон аз парлумон дархост кард, ки Зариф Ализода ба муҳлати навбатӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон таъин карда шавад. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, масъалаи мазкур имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров баррасӣ […]

Аваз Юлдошев



Президенти Тоҷикистон аз парлумон дархост кард, ки Зариф Ализода ба муҳлати навбатӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон таъин карда шавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, масъалаи мазкур имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров баррасӣ шуд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи қонун «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ», лоиҳаи тағйироту илова ба қонун «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон низ баррасӣ шуданд.

«Дар ҷаласаи Шӯро масъалаи созишномаи бурсӣ (Амалиёти махсус) оид ба лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз» миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд низ матраҳ гардид», – гуфт манбаъ.

Дар идома зикр гардид, ки тамоми масъалаҳои дар ҷаласаи Шӯрои МНМО ҶТ баррасишуда ҷиҳати омӯзиш ба кумита ва комиссияҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ фиристода шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.