Тӯраҷонзода: Тоҷикистон бояд дар амалиёти сулҳовар дар Украина иштирок кунад

– Агар Русия дар Украина амалиёти сулҳоварона барпо кунад, Тоҷикистон ҳамчун шарики стратегии Русия бояд дар он иштирок кунад, – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» сиёсатмадор ва рӯҳонии маъруфи кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода. «Ба эътиқоди ман, дастгирӣ кардани Русия дар масоили умдаи байнулмилалӣ ба манфиати худи Тоҷикистон аст», – зикр кард Тӯраҷонзода. Ба андешаи ӯ, имрӯз […]

Аваз Юлдошев



– Агар Русия дар Украина амалиёти сулҳоварона барпо кунад, Тоҷикистон ҳамчун шарики стратегии Русия бояд дар он иштирок кунад, – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» сиёсатмадор ва рӯҳонии маъруфи кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода.

«Ба эътиқоди ман, дастгирӣ кардани Русия дар масоили умдаи байнулмилалӣ ба манфиати худи Тоҷикистон аст», – зикр кард Тӯраҷонзода.

Ба андешаи ӯ, имрӯз Украина мисли Тоҷикистон замони ҷанги шаҳрвандӣ дар доираи мухолифиатҳои Ғарб ва Шарқ қарор гирифта, сиёсати таблиғоти ҷудоиандозӣ дар ин кишвар ба воқеъият табдил ёфтааст.

«Сиёсати бетарафии чанде аз шарикони Русия дар қаламрави пасошӯравӣ оид ба вазъ дар Украина, ки онро мароми худ қарор додаанд, дар ноил гардидан ба сулҳу осоиш дар ин кишвар ҳеҷ манфиате ба бор намеоварад», – чунин мешуморад Тӯраҷонзода.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон амалиёти нерӯҳои сулҳовари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил на ҳамеша ба манфиати ҷонибҳои мухолиф нигаронида шуда буданд, вале сарфи назар аз ин, онҳо дар расидан ба сулҳу созиш нақши муҳим бозиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.