То охири сол истеҳсоли алюминий дар ҷаҳон 10-15% коҳиш меёбад

Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки дар сурати боқӣ мондани нарх ба алюминий дар сатҳи кунунӣ истеҳсоли он дар ҷаҳон то охири сол 10-15% коҳиш меёбад. «Солҳои ахир соҳаи истеҳсоли алюминий дар ҷаҳон зери таъсири шадиди буҳрони молиявии ҷаҳонӣ қарор гирифтааст ва чоряки истеҳсоли ҷаҳонии он дар ҳоли нархи кунунӣ ба металл фоидаовар нест», – гуфтанд ба […]

ASIA-Plus



Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки дар сурати боқӣ мондани нарх ба алюминий дар сатҳи кунунӣ истеҳсоли он дар ҷаҳон то охири сол 10-15% коҳиш меёбад.

«Солҳои ахир соҳаи истеҳсоли алюминий дар ҷаҳон зери таъсири шадиди буҳрони молиявии ҷаҳонӣ қарор гирифтааст ва чоряки истеҳсоли ҷаҳонии он дар ҳоли нархи кунунӣ ба металл фоидаовар нест», – гуфтанд ба «Азия-Плюс» дар КВД «Корхонаи алюминии тоҷик» (ТАЛКО).

Ба иттилои манбаъ, замони буҳрони солҳои 2008-2009 нарх ва арзиши аслии алюминий ҳамроҳ бо коҳиши нарх ба он тамоили поинравӣ касб карда, давоми солҳои 2012-2013 нарх ва арзиши аслии он дар ҳоли гузариш ба якдигар қарор доранд, ки дар натиҷа нарх коҳиш ёфта, арзиши аслӣ боло меравад.

Зимнан зикр гардид, ки муқоисаи нархи «таърихӣ»-и алюминий бо нархи гилхок дар сатҳи ҳудуди 14%, гувоҳи он аст, ки зимни 320 доллари ИМА будани нархи 1 тонна гилхок, арзиши воқеъӣ ба 1 тонна алюминий бояд 2285 доллари ИМА-ро ташкил диҳад, амммо имрӯз зимни 2100 доллари ИМА будани арзиши аслии миёнаи алюминий дар ҷаҳон, нархи он ба ҳудуди 1800 доллари ИМА баробар аст.

Қобили зикр аст, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Корхонаи алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) ба маблағи умумии 75,9 млн. сомонӣ 36 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол карда шуд. Дар ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли алюминии аввалия дар корхонаи мазкур 59,5 ҳазор тонна ба маблағи умумии 137,6 млн. сомониро ташкил дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.