Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки дар сурати боқӣ мондани нарх ба алюминий дар сатҳи кунунӣ истеҳсоли он дар ҷаҳон то охири сол 10-15% коҳиш меёбад.
«Солҳои ахир соҳаи истеҳсоли алюминий дар ҷаҳон зери таъсири шадиди буҳрони молиявии ҷаҳонӣ қарор гирифтааст ва чоряки истеҳсоли ҷаҳонии он дар ҳоли нархи кунунӣ ба металл фоидаовар нест», – гуфтанд ба «Азия-Плюс» дар КВД «Корхонаи алюминии тоҷик» (ТАЛКО).
Ба иттилои манбаъ, замони буҳрони солҳои 2008-2009 нарх ва арзиши аслии алюминий ҳамроҳ бо коҳиши нарх ба он тамоили поинравӣ касб карда, давоми солҳои 2012-2013 нарх ва арзиши аслии он дар ҳоли гузариш ба якдигар қарор доранд, ки дар натиҷа нарх коҳиш ёфта, арзиши аслӣ боло меравад.
Зимнан зикр гардид, ки муқоисаи нархи «таърихӣ»-и алюминий бо нархи гилхок дар сатҳи ҳудуди 14%, гувоҳи он аст, ки зимни 320 доллари ИМА будани нархи 1 тонна гилхок, арзиши воқеъӣ ба 1 тонна алюминий бояд 2285 доллари ИМА-ро ташкил диҳад, амммо имрӯз зимни 2100 доллари ИМА будани арзиши аслии миёнаи алюминий дар ҷаҳон, нархи он ба ҳудуди 1800 доллари ИМА баробар аст.
Қобили зикр аст, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Корхонаи алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) ба маблағи умумии 75,9 млн. сомонӣ 36 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол карда шуд. Дар ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли алюминии аввалия дар корхонаи мазкур 59,5 ҳазор тонна ба маблағи умумии 137,6 млн. сомониро ташкил дода буд.



