Канали Қумсангир ба фишори офати табиӣ тоб наоварда, об маҷрои худро дигар кард ва ба маркази ноҳияи Қумсангир – шаҳраки Дӯстӣ зарар расонид.
Ба қавли сокинони маҳаллӣ, шоми дирӯз дар натиҷаи шамолхезии сахт интиқоли барқ ба истгоҳи об қатъ гардида, канал ба маҷрои калони об тоб наовардааст ва як қатор биноҳои маркази маъмурии ноҳия аз он осеб дидаанд. Маҷрои об се манзили зистро хароб ва боз якчанд хонаҳои дигар қисман зарар дидаанд.
Айни замон дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳукуматӣ машғули кор буда, ҳаҷми зарарро муайян мекунад. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.



