Идомаи гуфтушуниди Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили марзӣ

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон таҳти раҳбарии муовинони нахуствазири кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев оид ба таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ ҷараён дорад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президент, дар ин гуфтушунид ҷараёни иҷрои созишномаи қаблӣ дар бораи таъин ва аломатгузорӣ дар марз, сохтмони роҳҳои нав ҷиҳати ҳалли мушкилоти марзӣ, […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон таҳти раҳбарии муовинони нахуствазири кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев оид ба таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ ҷараён дорад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президент, дар ин гуфтушунид ҷараёни иҷрои созишномаи қаблӣ дар бораи таъин ва аломатгузорӣ дар марз, сохтмони роҳҳои нав ҷиҳати ҳалли мушкилоти марзӣ, истифодаи чарогоҳҳои наздимарзӣ, дарёфти роҳу воситаҳои қонунии таъин ва аломатгузории марзи давлатии кишварҳо барррасӣ шудаанд. Имрӯз гуфтушунид идома ёфта, аз рӯи натиҷаҳои он имзои созишномаи дар ҷараёни гуфтушунид таҳиягардида дар назар аст.

Зикр мегардад, ки муовини нахуствазири Қирғизистон ба зарурати баргузор кардани тафтиши воқеъбинонаи қазияи ахир дар марз, ба муҷозот кашидани гунаҳкорон ва ҷуброни зиёни моддӣ ба шаҳрвандони Қирғизистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 7-уми май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар роҳи мошингарди миёни Исфара ва ҷамоати Ворух, наздикии деҳаи қирғизии Куктош миёни шаҳрвандони ҳарду кишвар

муноқишаи навбатӣ

ба вуқӯъ пайваста, бар асари он ҳудуди 60 нафар аз ҳарду ҷониб осеб диданд.

Тибқи фарзияи ВКД Қирғизистон, зимни муноқиша миёни аҳолии деҳоти наздимарзии кишварҳо аз ҷониби издиҳоми зиёди шаҳрвандони тоҷики ҷамъомада нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, 2 контейнери орду семент, 2 автомашинаи тамғаи «КамАЗ»-и муталлиқ ба шаҳрвандони Қирғизистон сӯзонида шудаанд. Зикр мегардад, ки 12 нафар шаҳрвандони ҷароҳатгирифтаи Қирғизистон дар ҷараёни муноқиша ба бемористонҳои маҳаллӣ бистарӣ шудаанд.

Тибқи фарзияи ҷониби Тоҷикистон, сабаби рух додани муноқиша он будааст, ки як гурӯҳ ҷавонони сархуш аз ҳисоби шаҳрвандони Қирғизистон ба сӯи автомашинаи сокини Ворух, ки аз Исфара меомадааст, сангандозӣ кардаанд. Пас аз муноқиша издиҳоми зиёди мардум аз ҳарду ҷониб ҷамъ шуда, аз муноқишаи лафзӣ ба сангандозии ҳамдигар пардохтаанд.  Қирғизҳо ҳанӯз рӯзона дар ҷойи ҳодиса санг ҷамъоварӣ намудаанд.

Зикр гардида буд, ки ҳафт нафар сокинони Исфара бо ҷароҳатҳо ба бемористон бистарӣ шуда, як ҳамдиёри мо аз тири милтиқи шикорӣ захм бардоштааст. Кормандони мақомоти интизомии ҳарду кишвар ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, барои пароканда сохтани издиҳом ба ҳаво тир холӣ кардаанд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 8-уми май пас аз анҷоми нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви СААД дар Маскав мулоқоти президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда, дар он ин ҳодиса низ

мавриди баррасии ҷонибҳо

қарор гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.