Тарҷумаи Қуръон ба забони тоҷикӣ дар шакли назм

Дар Маркази фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон бори нахуст 30 қисмат аз китоби Қуръони Карим ба забони тоҷикӣ бо шакли манзум ба нашр расид. Бино ба иттилои агентии иттилоотии эронии Ahlulbayt , барои нашри 30 қисмати китоби Қуръон таҳти унвони «Қуръоннома» аз Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ […]

Меҳрангез Турсунзода



Дар Маркази фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон бори нахуст 30 қисмат аз китоби Қуръони Карим ба забони тоҷикӣ бо шакли манзум ба нашр расид.

Бино ба иттилои агентии иттилоотии эронии

Ahlulbayt

, барои нашри 30 қисмати китоби Қуръон таҳти унвони «Қуръоннома» аз Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ иҷозати расмӣ гирифта шудааст. Муаллифи тарҷума эронӣ Умед Маҷид мебошад, ки китобҳои муқаддаси «Наҳҷ-ул балоға» ва «Саҳифаи Саҷадия»-ро низ бо шакли манзум ба забони тоҷикӣ таҳия кардааст.

Ҳарчанд дар Маркази фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон ва дар Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин бора ҳеҷ шарҳе пешниҳод накарданд, вале дар сомонаи иттилоотии эронӣ зикр мегардад, ки тарҷумаи китоби Қуръон пас аз омӯзиши даҳҳо ҳазор саҳифаҳо оид ба мазҳабҳои сунниву шиа анҷом пазируфтааст. Гуфта мешавад, тарҷума аз ҷониби Шӯрои мутарҷимони Қуръон тасдиқ шудааст.

Муддати чандин сол аст, ки дар Тоҷикистон китоби Қуръон ба забони тоҷикӣ чоп мешавад, вале ба шакли наср, на манзум. Ҳамчунин дар Google Play метавон замимаи ройгони

«Quroni Karim»

-ро дастрас намуд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.