Тағйироти кадрӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав дар мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамин тариқ, аз миёни 9 нафар кадрҳои мақомоти прокуратура Мирзошариф Шарифзода, ки то ин вақт Прокурори ноҳияи Рӯдакӣ буд, Прокурори шаҳри Душанбе таъин […]

ASIA-Plus



Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав дар мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамин тариқ, аз миёни 9 нафар кадрҳои мақомоти прокуратура Мирзошариф Шарифзода, ки то ин вақт Прокурори ноҳияи Рӯдакӣ буд, Прокурори шаҳри Душанбе таъин гардид. Сафаралӣ Мирзозода Муовини аввали прокурори пойтахт таъин карда шуд.

Ҳамчунин прокурорҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Балҷувон, Вахш, Ҷиликул ва Тоҷикобод, Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд, Прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд иваз карда шуданд.

Нурилло Орипов Сардори Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва Саидхоҷа Мирзохоҷаев Сардори Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардиданд.

Ба вазифаи сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Варзоб, Файзобод, Шуғнон, Қайроққум, Вахш ва Панҷ шахсони дигар таъин гардиданд.

Музаффар Ҳотамов, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Нарзулло Соҳибов бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо хизмати софдилонаю содиқона талаб намуда, таъкид дошт, ки манфиатҳои давлату миллат дар ҳама ҳолат бояд дар ҷойи аввал қарор дошта бошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.