Осеби якчанд манзил дар Қумсангир бар асари обхезӣ

Канали Қумсангир ба фишори офати табиӣ тоб наоварда, об маҷрои худро дигар кард ва ба маркази ноҳияи Қумсангир – шаҳраки Дӯстӣ зарар расонид. Ба қавли сокинони маҳаллӣ, шоми дирӯз дар натиҷаи шамолхезии сахт интиқоли барқ ба истгоҳи об қатъ гардида, канал ба маҷрои калони об тоб наовардааст ва як қатор биноҳои маркази маъмурии ноҳия аз […]

Сайраҳмон Назриев



Канали Қумсангир ба фишори офати табиӣ тоб наоварда, об маҷрои худро дигар кард ва ба маркази ноҳияи Қумсангир – шаҳраки Дӯстӣ зарар расонид.

Ба қавли сокинони маҳаллӣ, шоми дирӯз дар натиҷаи шамолхезии сахт интиқоли барқ ба истгоҳи об қатъ гардида, канал ба маҷрои калони об тоб наовардааст ва як қатор биноҳои маркази маъмурии ноҳия аз он осеб дидаанд. Маҷрои об се манзили зистро хароб ва боз якчанд хонаҳои дигар қисман зарар дидаанд.

Айни замон дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳукуматӣ машғули кор буда, ҳаҷми зарарро муайян мекунад. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.