Ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии рӯзи 14-уми майи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баррасии масъалаи лоиҳаи қонун «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ» ворид карда шудааст.
Ба андешаи вакили палатаи поёнии парлумон, узви Кумитаи парлумон оид ба молия ва иқтисод Исмоил Талбаков, лоиҳаи қонун бо назардошти амалисозии баъзе бандҳои паёми ҳамасолаи президент ба парлумони кишвар, саволҳои сершумори аҳолӣ зимни вохӯриҳо бо вакилон оид ба гирифтани қарзҳои дастрас ва ташкили рақобати солим миёни ташкилотҳои қарздиҳӣ баҳри рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон таҳия шудааст.
«Роҳандозии фаъолияти бонкдории исломӣ дар кишвар сафҳаи нав дар бахши муносибатҳои қарзӣ дар воқеяти имрӯзаро боз намуда, бешубҳа, ба ҷалби сармояҳо аз кишварҳои ҷаҳони ислом ба Тоҷикистон, фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ ва коҳиши сафи муҳоҷирони корӣ аз ҷумҳурӣ мусоидат мекунад», – гуфт вакил.
Ба қавли ӯ, мутобиқи меъёрҳои лоиҳаи қонуни мазкур, Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзии исломӣ ҷиҳати фаъолият дар кишвар иҷозатнома дода, фаъолияти онҳоро танзим мекунад.



