Соли 2016 ММД ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон қариб 1,5 ҳазор $ мешавад

Бино ба маълумоти пешакии Вазорат рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, дар муқоиса бо соли 2013 соли равон ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон 12% меафзояд. Тибқи маълумоти Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон барои соли 2014 ва дурнамои асосии он барои солҳои 2015-2016, ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар соли равон 5 […]

ASIA-Plus



Бино ба маълумоти пешакии Вазорат рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, дар муқоиса бо соли 2013 соли равон ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон 12% меафзояд.

Тибқи маълумоти Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон барои соли 2014 ва дурнамои асосии он барои солҳои 2015-2016, ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар соли равон 5 ҳазору 892 сомонӣ ё худ 1 ҳазору 217 доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод. Нисбат ба соли гузашта ҳаҷми афзоиши ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар соли ҷорӣ бо асъсори миллӣ – ба 12,9% ва доллари амрикоӣ – ба 11,4% баробар хоҳад шуд.

Аввали соли 2014 ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон каме бештар аз 5,1 ҳазор сомонӣ ё худ ҳудуди 1,1 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар Вазорати рушди иқтисод пешгӯӣ мекунанд, ки соли 2015 ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ ба 6 ҳазору 610 сомонӣ ё худ 1 ҳазору 355 доллари ИМА ва соли 2016 ҳаҷми он ба ҳар сари аҳолӣ ба 7 ҳазору 365 сомонӣ ё худ 1 ҳазору 496 доллари ИМА мерасад.

Дар Дурнамо зикр мегардад, ки шумори аҳолии доимии Тоҷикистон дар охири соли равон 8 млн. 232 ҳазор нафар, соли 2015 – 8 млн. 400 ҳазор нафар ва соли 2016 – 8 млн. 581 ҳазор нафарро ташкил хоҳад дод.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2014 ММД Тоҷикистон дар ҳаҷми 48,5 млрд. сомонӣ (беш аз 10 млрд. $), соли 2015 – 55 млрд. 530 млн. сомонӣ ва соли 2016 – 63,2 млрд. сомонӣ пешгӯӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми ММД Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз 40 млрд. 524,5 млн. сомонӣ (зиёда аз 8,5 млрд. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи 7,4% зиёдтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.