Эҳтимоли ришва дониста шудани ҳадяи арзишаш аз 400 сомонӣ болотар

Ҳукумати Тоҷикистон тағйироту илова ба қонуни кишвар «Дар бораи коррупсия»-ро омода кардааст. Дар сурати қабули онҳо, хизматчиёни давлатие, ки аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ, шаҳрвандони хориҷӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, хориҷӣ ва ватанӣ ва намояндагони ҳукумати дигар кишварҳо ҳадяи арзишаш болотар аз 400 сомониро мегиранд, ба супурдани онҳо ба мақомоти дахлдор уҳдадор мешаванд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як […]

Аваз Юлдошев



Ҳукумати Тоҷикистон тағйироту илова ба қонуни кишвар «Дар бораи коррупсия»-ро омода кардааст. Дар сурати қабули онҳо, хизматчиёни давлатие, ки аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ, шаҳрвандони хориҷӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, хориҷӣ ва ватанӣ ва намояндагони ҳукумати дигар кишварҳо ҳадяи арзишаш болотар аз 400 сомониро мегиранд, ба супурдани онҳо ба мақомоти дахлдор уҳдадор мешаванд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Муовини аввали раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки тағйироти мазкур ба таҷрибаи байнулмилалӣ дар самти мубориза бо коррупсия созгор буда, талаботи замона аст.

«Маълум аст, ки ҳангоми баимзорасии созишномаҳои ҳукумат бо паймонкорони ватанӣ ё хориҷӣ, ки ба иҷрокунанда фоидаовар аст, ё зимни баргузории тендерҳо аксаран ба мансабдори давлатӣ туҳфаҳои гаронарзиш тақдим мекунанд, ки аслан ришва мебошад», – иброз дошт вакил.

Талбаков гуфт, аксари туҳфаҳое, ки ба сарвари давлати Тоҷикистон зимни сафарҳо ба хориҷи кишвар тақдим карда шудаанд, ба Осорхонаи миллии ҷумҳурӣ супурда шуда, ба маърази тамомшои умум гузошта шудаанд. «Хурсандиовар аст, ки ахиран чанде аз аъзои ҳукумати Тоҷикистон низ ба сарвари давлат пайравӣ карда, туҳфаҳои гаронарзиши ба онҳо тақдимшударо ба фонди Осорхонаи миллӣ месупоранд», – таъкид дошт Талбаков.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.