Вакил: Қабули қонун дар бораи бонкдории исломӣ ба ҷалби сармоя мусоидат мекунад

Ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии рӯзи 14-уми майи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баррасии масъалаи лоиҳаи қонун «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ» ворид карда шудааст. Ба андешаи вакили палатаи поёнии парлумон, узви Кумитаи парлумон оид ба молия ва иқтисод Исмоил Талбаков, лоиҳаи қонун бо назардошти амалисозии баъзе бандҳои паёми ҳамасолаи президент ба парлумони кишвар, […]

Аваз Юлдошев



Ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии рӯзи 14-уми майи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баррасии масъалаи лоиҳаи қонун «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ» ворид карда шудааст.

Ба андешаи вакили палатаи поёнии парлумон, узви Кумитаи парлумон оид ба молия ва иқтисод Исмоил Талбаков, лоиҳаи қонун бо назардошти амалисозии баъзе бандҳои паёми ҳамасолаи президент ба парлумони кишвар, саволҳои сершумори аҳолӣ зимни вохӯриҳо бо вакилон оид ба гирифтани қарзҳои дастрас ва ташкили рақобати солим миёни ташкилотҳои қарздиҳӣ баҳри рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон таҳия шудааст.

«Роҳандозии фаъолияти бонкдории исломӣ дар кишвар сафҳаи нав дар бахши муносибатҳои қарзӣ дар воқеяти имрӯзаро боз намуда, бешубҳа, ба ҷалби сармояҳо аз кишварҳои ҷаҳони ислом ба Тоҷикистон, фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ ва коҳиши сафи муҳоҷирони корӣ аз ҷумҳурӣ мусоидат мекунад», – гуфт вакил.

Ба қавли ӯ, мутобиқи меъёрҳои лоиҳаи қонуни мазкур, Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзии исломӣ ҷиҳати фаъолият дар кишвар иҷозатнома дода, фаъолияти онҳоро танзим мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.