Харобии 8 манзил дар Қумсангир бар асари боришоти шадид



Дар кӯчаи ба номи Шамсиддин Шоҳини маркази ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон бар асари боришоти шадид 8 манзили зист пурра ва 13 манзил қисман хароб гардиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти КҲФ ва МГ назди ҳукумати Тоҷикистон Ориф Нозимов хабар дод, маҷрои сел ҳамчунин ба 3,5 гектар замини кишти наздиҳавлигии сокинони ноҳия зарар расонидааст.

Ба қавли ӯ, айни замон дар ҷойи ҳодиса ҳудуди 20 сарбоз ва афсарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода машғули муайян кардани ҳаҷми зарар ва дарёфти роҳҳои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ мебошанд.

spot_imgspot_img

Популярное