Баррасии муноқиша дар марз зимни гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон

Рӯзҳои 12-13-уми май дар шаҳри Душанбе таҳти сарварии муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев ҷаласаи навбатии муштараки ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии байни кишварҳо доир гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷаласаи муштарак ҷараёни таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон […]

ASIA-Plus



Рӯзҳои 12-13-уми май дар шаҳри Душанбе таҳти сарварии муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев ҷаласаи навбатии муштараки ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии байни кишварҳо доир гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷаласаи муштарак ҷараёни таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳамчунин маҷмӯи масоили марбут ба марз, аз ҷумла вариантҳои сохтмони роҳҳои мошингарди «Исфара – Ворух», «Кӯктош – Оқсой – Тамдик – Кишмиш» ва  масъалаи истифодаи чарогоҳҳои тобистона баррасӣ шуданд.

Роҳбарони ҳайатҳо ҳамчунин муноқишаи рӯзи 7-уми майи соли равон дар марз рухдодаро баррасӣ намуда, аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ карданд. Бо мақсади тафтиши воқеъбинонаи ин ҳодиса ва ҳамчунин минбаъд пешгирӣ ва роҳ надодан ба чунин ҳодисаҳо, ба мақомоти салоҳиятдори ҷонибҳо супориш дода шуд, ки ба кори гурӯҳи муштараки тафтишотӣ дар ин самт суръат бахшида шуда, гунаҳкорон ба муҷозот кашида шаванд ва ба ҷабрдидагон хисороти молӣ ҷуброн карда шавад.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо оид ба минбаъд андешидани тадбирҳои ҳамаҷониба ҷиҳати пешгирӣ ва роҳ надодан ба ин монанд ҳодисаҳо тавофуқ ҳосил карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.