Тоҷикистон ба Низоми ягонаи дифоъи зиддиҳавоии Русия ва Қазоқистон пайвастанист

– Минбаъд Тоҷикистону Қирғизистон ба Низоми ягонаи дифоъи зиддиҳавоии Русия ва Қазоқистон пайвастанианд, – изҳор кард муовини вазири мудофиаи Қазоқистон Окас Сапаров рӯзи сешанбе дар ҷаласаи васеи Кумитаи сенат оид ба муносибатҳои байнулмилалӣ, мудофиа ва амният дар шаҳри Остона. «Айни замон ҳамчун намуна дар қисмати шарқӣ-аврупоӣ дар доираи СААД Низоми ягонаи дифоъи зиддиҳавоии Русия ва […]

ASIA-Plus



– Минбаъд Тоҷикистону Қирғизистон ба Низоми ягонаи дифоъи зиддиҳавоии Русия ва Қазоқистон пайвастанианд, – изҳор кард муовини вазири мудофиаи Қазоқистон Окас Сапаров рӯзи сешанбе дар ҷаласаи васеи Кумитаи сенат оид ба муносибатҳои байнулмилалӣ, мудофиа ва амният дар шаҳри Остона.

«Айни замон ҳамчун намуна дар қисмати шарқӣ-аврупоӣ дар доираи СААД Низоми ягонаи дифоъи зиддиҳавоии Русия ва Белорус амал мекунад. Дар доираи минтақаи Қафқоз бошад, Низоми ягонаи Русия ва Арманистон», – хабар медиҳад

«Независимая газета»

бо такя ба суханони Сапаров.

Ба гуфтаи муовини вазири мудофиаи Қазоқистон, дар бораи «ба ин низом пайвастани Қирғизистон ва Тоҷикистон тавофуқи усулии давлатҳо ҳосил шудааст».

Бино ба иттилои

«Интерфакс»

, дар ин ҷаласа лоиҳаи қонун «Дар бораи тасдиқи Созишнома миёни Қазоқистону Русия дар бораи бунёди Низоми ягонаи минтақавии дифоъи зиддиҳавоии Қазоқистону Русия» баррасӣ шудааст.

Окас Сапаров шарҳ додааст, ки Низоми ягонаи минтақавии дифоъи зиддиҳавоии Қазоқистону Русия барои ҳимояи тамомияти арзӣ ва соҳибистиқлолии ҳарду кишвар ташкил карда мешавад. «Ин низом танҳо дар замони мухолифтаҳои низомӣ истифода мешавад», – иброз доштааст муовини вазири мудофиаи Қазоқистон.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки қароргоҳи фармондеҳии Низоми ягонаи дифоъи зиддиҳавоӣ дар Алмаато ҷойгир шуда, фармондеҳаш ҳам намояндлаи Қазоқистон хоҳад буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.