ҲНИТ амали гурӯҳи «Буку ҳаром»-ро қотеъона маҳкум кард

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон гаравгонгирии беш аз 200 духтар аз сӯи гурӯҳи «Буку ҳаром» дар кишвари Нигерияро, ки аз он ба унвони як гурӯҳи “исломӣ” ном бурда мешавад, қотеъона маҳкум намуда, ин амали ғайриахлоқиро дур аз меъёрҳои исломӣ ва инсонӣ медонад. Дар изҳороти пахшшудаи ҲНИТ дар ин робита зикр мегардад, ки амали ин гуна гурӯҳҳои […]

ASIA-Plus



Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон гаравгонгирии беш аз 200 духтар аз сӯи гурӯҳи «Буку ҳаром» дар кишвари Нигерияро, ки аз он ба унвони як гурӯҳи “исломӣ” ном бурда мешавад, қотеъона маҳкум намуда, ин амали ғайриахлоқиро дур аз меъёрҳои исломӣ ва инсонӣ медонад.

Дар изҳороти пахшшудаи ҲНИТ дар ин робита зикр мегардад, ки амали ин гуна гурӯҳҳои ба ном исломӣ на танҳо бо дини поки Ислом, ки тарвиҷгари меъёрҳои инсондӯстона аст, ҳеҷ робита ва созгорие надорад, балки василаи дигаре барои бадном кардани чеҳраи Ислом аз ҷониби душманони он мегардад.

«Аз сӯйи дигар ин ҷиноят раванди ҳамгароӣ ва гуфтугӯ байни адёнро ба мушкил рӯ ба рӯ карда, сулҳу амнияти ҷаҳонро ба хатар меандозад. Агарчи гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро дар ҳар дину мазҳаб ва миллат ақалият мебошанд, вале бо содир кардани ҷиноятҳои сангин ва овозадор тасаввуроти ғалатро дар бораи ин дину мазҳаб ва миллатҳо ба вуҷуд меоранд. Мутаассифона, фаъолияти як идда аз гурӯҳу шахсиятҳои ифротӣ ва ҷиноятпеша аз номи дини мубини Ислом заҳмату фаъолияти созандаву башардӯстонаи беш аз як миллиард мусалмонро хадшадор месозад», – омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, маҳз дар ҳамин рӯзҳо масъулияти мусалмонон барои нишон додани чеҳраи воқеии Ислом ва пайравони он бештар мегардад ва бинобар ин, рӯ овардан ба арзишҳои асили инсондӯстӣ, ки ҳама динҳои осмонӣ онро тараннум кардаанд, истифода аз фарҳанги муколамаву гуфтугӯ байни ҳама дину қавмҳо ва гурӯҳҳо, тарвиҷи бештари илму фарҳанг ва амалҳои созанда ҷавоби муносиби мусалмонон ба ҷиноятҳои чунин гурӯҳҳои ба ном «исломӣ» мебошад.

«Бо пуштибонӣ аз талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои озод намудани духтарони ниҷерӣ ҲНИТ аз кишварҳо ва созмонҳои исломӣ дархост менамояд, ки дар ин амр саҳми бештаре дошта бошанд. Чунки ин ҷиноят танҳо зидди инсонҳои алоҳида набуда, пеш аз ҳама помолкунии арзишу таълимоти дини мубини Ислом мебошад», – баён мегардад дар хотимаи изҳорот.

Гурӯҳи «Буку ҳаром» мазҳаби тундагрои исломиест, ки хадафи аслиаш ҷорӣ кардани қонунҳои шариат дар саросари Нигерия ва барҳам додани тарзи ҳаёти дунявӣ мебошад. Аъзои гурӯҳ аксаран ба бетартибиҳо даст зада, ба намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳамлаву суиқасд мекунанд, ки дар натиҷа аҳолии осоишта ба ҳалокат мерасад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.