Ду медали тиллои толибилмони тоҷик дар олимпиадаи байнулмилалӣ

Дар олимпиадаи байнулмилалии олимон ва ихтироъкорони наврас, ки аз 2 то 6-уми май дар шахри Тифлис (Гурҷистон) доир гардид, толибилмони мактабҳои Тоҷикистон 12 медал ба даст оварданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати маориф ва илми ҶТ хабар доданд, дар ҷараёни олимпиадаи «International Young Inventors Project Olympiad (IYIPO 2014)» наврасон аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, […]

Мавзуна Абдуллоева



Дар олимпиадаи байнулмилалии олимон ва ихтироъкорони наврас, ки аз 2 то 6-уми май дар шахри Тифлис (Гурҷистон) доир гардид, толибилмони мактабҳои Тоҷикистон 12 медал ба даст оварданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати маориф ва илми ҶТ хабар доданд, дар ҷараёни олимпиадаи «International Young Inventors Project Olympiad (IYIPO 2014)» наврасон аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, наврасони қобилиятнок аз фанҳои информатикаву физика, химияву биология, экология ва муҳандисӣ, технологияҳои нави компютерӣ ва ихтироъҳои нав муайян карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистонро 10 нафар толибилмон аз литсейҳои тоҷикиву туркии шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва Хуҷанд намояндагӣ кардаанд.

«Аз рӯи натиҷаҳои олимпиада толибилмони тоҷик ба 6 медали биринҷӣ (хонандагони литсейи шаҳри Турсунзода – Шаҳбози Шукурзода, Ҷаҳонгир Алишеров, Мавлон Асоев, Насриддин Муҳаммадҷон ва ҳамчунин хонадагони литсейи шаҳри Душанбе – Сорбон Халилов ва Нерӯ Самадов), чор медали нуқра (хонандагони литсейи шаҳри Турсунзода – Умар Каримов, Умарҷон Ҷӯраев, Хайриддини Ҷаббор ва Аъзамҷон Ҳакимов) ва ду медали тилло (хонандагони литсейи шаҳри Хуҷанд – Фирдавс Раҳимов ва Суҳроб Ҳасанов) шарафёб гардиданд», – гуфт манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.