Бунёди корхонаҳои истеҳсоли техникаи кишоварзии Белорус дар Тоҷикистон

Зимни ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистиону Белорус дар Душанбе сафири Белорус дар Тоҷикистон Олга Гаврук зикр кард, ки корхонаҳои «Минский тракторный завод» ва «БобруйскАгроМаш»-и ин кишвар ният доранд, ки филиали корхонаҳои худ дар Тоҷикистонро боз кунанд. Ба иттилои сафир, филиали корхонаи «Минский тракторный завод» дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бунёд гардида, иҷрокунандаи лоиҳа аз ҷониби Тоҷикистон […]

Заррина Эргашева



Зимни ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистиону Белорус дар Душанбе сафири Белорус дар Тоҷикистон Олга Гаврук зикр кард, ки корхонаҳои «Минский тракторный завод» ва «БобруйскАгроМаш»-и ин кишвар ният доранд, ки филиали корхонаҳои худ дар Тоҷикистонро боз кунанд.

Ба иттилои сафир, филиали корхонаи «Минский тракторный завод» дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бунёд гардида, иҷрокунандаи лоиҳа аз ҷониби Тоҷикистон – корхонаи нассоҷӣ (Тоҷиктекстилмаш) мебошад. «Мушкили асосӣ дар амалисозии ин лоиҳа дарёфти сармоягузор аст. Ҳаҷми маблағгузорӣ бояд ҳудуди 15 млн. доллари ИМА-ро ташкил диҳад», – иброз дошт О.Гаврук.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки дар марҳилаи аввал иқтидори ин корхона истеҳсоли 250 адад трактор дар як сол ва минбаъд бо тақвияти иқтидор истеҳсоли то 1,5 ҳазор адад трактор дар як солро ташкил хоҳад дод.

Сафири Белорус ҳамчунин қайд кард, ки лоиҳаи дигаре бо нақшаи тиҷоратии таҳиягардида аз ҷониби корхонаи «БобруйскАгроМаш» оид ба бунёди корхонаи истеҳсолу таъмири техникаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҳисор низ мавҷуд аст, ки ҳаҷми маблағгузориаш ба 5 млн. доллари ИМА баробар аст. «Ин ҷо мушкилӣ дар он ифода меёбад, ки мо қитъаи замин гирифта наметавонем, ҳарчанд сармоягузори хориҷӣ ба маблағгузорӣ омода буда, ҳамаи ҳуҷҷатҳо таҳия шудаанд. Ин корхона таҷҳизоти ароба (прицеп) барои трактори «Беларус» ва дигар техникаи кишоварзӣ истеҳсол мекунад», – изҳор кара сафири Белорус.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, ҳамасола Тоҷикистон ба харидории на камтар аз 800 адад техникаи кишоварзӣ ниёз дорад ва айни замон 30-40%-и парки техникаи кишоварзии ҷумҳурӣ корношояму фарсуда аст.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, айни замон Тоҷикистон 28 ҳазор адад техникаи кишоварзӣ (бо назардошти техникаи корношоям) дорад. Бино ба маълумоти омор, дар бахши кишоварзии кишвар каме бештар аз 11 ҳазор адад тракторҳо ба қайд гирифта шудаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.