Дар майдони 98 ҳазору 885 гектар заминҳои Тоҷикистон зироати ғалладона кишт шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 7% зиёдтар аст.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, кишти зироати ғалладона дар кишвар идома дошта, нақшаи кишти баҳории ин зироат 92 ҳазору 126 гектар муқаррар шуда буд.
«Обуҳавои мусоид ба зиёд кардани майдони кишти зироати ғалладона имкон дод. Аз майдони умумии кишт дар 34,6 ҳазор гектар гандум, 6,8 ҳазор гектар ҷуворимакка ва дар майдони боқимонда дигар навъи зироати ғалладона кишт шуд», – гуфтанд дар вазорат.
Хотиррасон карда шуд, ки дар маъракаи кишти тирамоҳии зироати ғалладона кишти он дар майдони 198,4 ҳазор гектар анҷом дода шуд, ки нисбат ба нақша 1% бештар мебошад.
Дар Вазорати кишоварзӣ умедворанд, ки имсол ҳам мисли соли гузашта ҳосили гандум ба даст оварда мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта 1,1 млн. тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ шуд, ки беш аз 900 ҳазор тоннаашро гандум ташкил дод.
Қобили зикр аст, ки соли 2012 кишоварзони тоҷик дар ҳаҷми 1200 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ба даст оварданд. Соли 2012 дар ҷумҳурӣ 801,2 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 74,3 ҳазор тонна камтар буд. Соли 2009 дар Тоҷикистон ҳосили баландтарини гандум ҷамъоварӣ шуд, ки 938,4 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Талаботи солонаи Тоҷикистон ба гандум 1,5 млн. тоннаро ташкил дода, аз ин ҳаҷм ҳудуди 70% аз Қазоқистон ворид карда мешавад.



