Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ лоиҳаҳои тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ», «Дар бораи Гвардияи миллии Тоҷикистон», «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» ва ғайра баррасӣ мешаванд. Оғоз соати 10; – Сафари […]



Анонс



– Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ лоиҳаҳои тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ», «Дар бораи Гвардияи миллии Тоҷикистон», «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» ва ғайра баррасӣ мешаванд. Оғоз соати 10;

– Сафари ҳунармандони Театри мустақили Маскав дар Душанбе оғоз мегардад. Спектаклҳои тетар дар толори Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский намоиш дода мешаванд. Арзиши билетҳо: қаторҳои пеш – 150 сомонӣ, пас аз қатори 11-ум – 125 сомонӣ ва қаторҳои охир – 100 сомонӣ, дар балкон – 50 сомонӣ.



Қ


урби


асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9109

сомонӣ;


1

евро –

6.9368

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1423

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


1904

– Дар Париж Федератсияи байнулмилалаи футбол – ФИФА таъсис дода шуд.


2002

– Ҳукумати ҶТ Консепсияи сиёсати давлатии демографӣ барои солҳои 2003-2015 (дар масъалаи банақшагирии оила)-ро тасдиқ намуд.


2003

– Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қонун дар бораи ба Кодекси ҷиноӣ ворид намудани моддаи махсус «Хариду фурӯши одамон»-ро қабул кард.


2007

— Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Марлумии Чин.


2008

— Пас аз таваққуфи тӯлонӣ корхонаи муштараки «ТоҷикАзот» ба кор даромад.


1936

– Зодрӯзи фолклоршинос Салоҳиддин Фатҳуллоев.


1942-1982

– Мавлуди ҳунарманди рақси балет, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Малика Собирова.


1944

– Зодрӯзи доктори илмҳои педагогӣ, профессор Саидбой Шербоев.

1

945

— Мавлуди Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.


1947

— Зодрӯзи Сафар Сафаров, муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон.


1949-2009

– Зодрӯзи журналист Абдулхай Саидов.



Вазъи обу


ҳ


аво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +27+32, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +19+24.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +15+20.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола.       

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +17+22.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 3300 метр барф).      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +7+12, рӯзона +17+22;  дар шарқи вилоят шабона -4+1, рӯзона +7+12.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола.  

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +25+27.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ. 

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +22+24.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +29+31.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат.   

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +21+23.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...