Вохӯрии президент бо ҷавонон доир намегардад

Рӯзи 23-юми май, Рӯзи ҷавонон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони насли наврас мулоқот карданӣ нест. Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки имсол рӯзи ҷавонон бидуни маросимҳои расмӣ баргузор мешавад. Дар тамоми боғҳои фарҳангу истироҳати шаҳру навоҳии кишвар танҳо чорабиниҳои фарҳангӣ доир мегарданд. Дар […]



Рӯзи 23-юми май, Рӯзи ҷавонон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони насли наврас мулоқот карданӣ нест.

Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки имсол рӯзи ҷавонон бидуни маросимҳои расмӣ баргузор мешавад. Дар тамоми боғҳои фарҳангу истироҳати шаҳру навоҳии кишвар танҳо чорабиниҳои фарҳангӣ доир мегарданд. Дар боғҳои пойтахт ба муносибати ин ҷашн консертҳо баргузор мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, Рӯзи ҷавононро дар Тоҷикистон имсол бидуни чорабиниҳои тантанавии расмӣ ҷашн мегиранд ва вохӯрии анъанавии президент бо ҷавонон санаи 23-юми май маъмулан дар ҳар як 5 сол доир мегардад.

Бори ахир Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон соли гузашта мулоқот карда буд. Дар маҷлиси пуршукӯҳ 2,2 ҳазор ҷавонони тоҷикистонӣ ширкат варзида, ба ҳар кадоме аз онҳо аз номи президент айпад ва китоби ӯ «Маорифпарвар» тақдим карда шуд.

Президенти мамлакат қайд карда буд, ки замони 20 соли истиқлолият зиёда аз 7 ҳазор ҷавонон ҷиҳати таҳсил ба макотиби олии кишварҳои хориҷӣ фиристода шудаанд, ки 2,8 ҳазори онҳо таҳсилро хатм намуда, беш аз 3,9 ҳазор нафари онҳо таҳсилро идома медиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон зикр карда буд, ки тайи 5 соли ахир бо роҳхати вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳо 4 ҳазор нафар ҷавонони кишвар ҷиҳати таҳсил ва такмили ихтисос ба давлатҳои хориҷӣ сафарбар шудаанд.

Дар баробари дастовардҳои аз ҷониби президент зикршуда соли гузашта дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи ҷавонон як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷики муқими Русия дар шабакаи иҷтимоии Facebook муроҷиатнома ба президенти Тоҷикистонро интишор намуда, дар он шикоят карданд, ки дар айни камолот буда, оянда дар Тоҷикистон барои худ ҳеҷ рушду пешравиеро намебинанд.

«Тайи солҳои ахир кишвари дорои захирахои бойи табиӣ ба яке аз кишварҳои қашшоқтарин табдил ёфт, дар бораи ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон мардум танҳо орзу мекунанд. Имрӯз 1 млн. нафар тоҷикон дар Русия кор карда, мавриди азияту таҳқир қарор гирифтаанд. Ҳамасола аз Русия садҳо тобути муҳоҷиронро меоранд. Ба қатори «хизматҳо»-и шумо ҳамчунин метавон костагии ахлоқ дар ҷомеаро шомил намуд, имрӯз дар кишвари мо фоҳишагариву нашъамандии ҷавонон ба авҷи аъло расидааст. Дар бораи маориф ва тандурустӣ беҳтараш хомӯш будан авлотар аст», – зикр карда буданд дар муроҷиатномаи худ ҷавонони тоҷик.

Бо қарори президент Рӯзи ҷавонон дар Тоҷикистон ҳамасола аз соли 1997 ҷашн гирифта мешавад. Дар вохӯриҳои анъанавии худ сарвари давлат маъмулан дар бораи дастовардҳо дар масъалаи дастгирии ҷавонон сухан гуфта, роҳу воситаҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин самтро баррасӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин ба насли наврас хотиррасон мекунад, ки тақдири минбаъдаи мардум ва давлат маҳз ба дӯши онҳо вогузор мегардад, ки ин аз онҳо масъулияти бузург, кӯшиши мунтазам ҷиҳати таҳкими ваҳдати миллӣ, соҳибистиқлолии кишвар, инкишоф ва густариши худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиро талаб менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.