Вазири мудофиа марзбононро бо ҷашни касбиашон табрик гуфт

Дар арафаи таҷлили 20-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, роҳбарияти Вазорати мудофиаи мамлакат дар қароргоҳи қисми низомии 2611-и ин ниҳоди қудратӣ бо ҳайати шахсӣ вохӯрӣ намуданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати мудофиаи ҶТ, нахуст Вазири Мудофиаи мамлакат, генерал-лейтенант Шерали Мирзо дар назди афсарону сарбозони ин ҷузъи таркибии Қувваҳои Мусаллаҳ сухан гуфта, […]



Дар арафаи таҷлили 20-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, роҳбарияти Вазорати мудофиаи мамлакат дар қароргоҳи қисми низомии 2611-и ин ниҳоди қудратӣ бо ҳайати шахсӣ вохӯрӣ намуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати мудофиаи ҶТ, нахуст Вазири Мудофиаи мамлакат, генерал-лейтенант Шерали Мирзо дар назди афсарону сарбозони ин ҷузъи таркибии Қувваҳои Мусаллаҳ сухан гуфта, изҳор намуд, ки бо дастгирии доимӣ ва таваҷҷӯҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон Қӯшунҳои сарҳадӣ, имрӯз ба як нерӯи бузург ва ҳимоятгари боэътимоди марзҳои давлати соҳибистиқлоламон табдил ёфтааст.

Ба иттилои манбаъ, роҳбарияти Вазорати мудофиаи мамлакат вобаста ба ҷашнгирии 20-умин солгарди Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат, ки он рӯзи 28-уми май таҷлил мегардад, изҳор дошт, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ дар таърихи навини давлатдории Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди муҳиму тақдирсоз натанҳо дар бақову пойдории давлату давлатдории миллӣ, ҳифзи амнияти ҷомеа ва ҳимояи марзу буми кишвар, балки он нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни чорабинии мазкур бо фармони вазири мудофиа ба ҳайати шахсии қисми ҳарбии 2611 ду адад телевизори ранга, моҳвора бо тамоми таҷҳизоташ ва ду адад дивидӣ тақдим карда шуд. Илова бар ин, аз ҷониби ротаи Қаровули фахрии Полки камендантии Вазорати мудофиа, дар назди ҳозирин ҳаракатҳои мавзуни низомӣ намоиш дода шуданд.

Чун оини доимии низомиён расми гузашти ҳарбии афсарону сарбозон, аз назди ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадӣ анҷомбахши вохӯрии масъулин бо ҳайати шахсӣ гардид. Азбаски вохӯрии вазири мудофиа дар ин қисми ҳарбӣ ба рӯзи истироҳатии сарбозон рост омада буд, он рӯз аз тарафи ансамбли тарона ва рақси Ватани Вазорати мудофиа барои ҳайати шахсӣ барномаи рангини консертӣ намоиш дода шуда, барои афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.