Кишти зироати ғалладона барзиёд аз нақша ҷараён дорад

Дар майдони 98 ҳазору 885 гектар заминҳои Тоҷикистон зироати ғалладона кишт шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 7% зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, кишти зироати ғалладона дар кишвар идома дошта, нақшаи кишти баҳории ин зироат 92 ҳазору 126 гектар муқаррар шуда буд. «Обуҳавои мусоид ба зиёд кардани майдони кишти зироати ғалладона имкон дод. […]



Дар майдони 98 ҳазору 885 гектар заминҳои Тоҷикистон зироати ғалладона кишт шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 7% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, кишти зироати ғалладона дар кишвар идома дошта, нақшаи кишти баҳории ин зироат 92 ҳазору 126 гектар муқаррар шуда буд.

«Обуҳавои мусоид ба зиёд кардани майдони кишти зироати ғалладона имкон дод. Аз майдони умумии кишт дар 34,6 ҳазор гектар гандум, 6,8 ҳазор гектар ҷуворимакка ва дар майдони боқимонда дигар навъи зироати ғалладона кишт шуд», – гуфтанд дар вазорат.

Хотиррасон карда шуд, ки дар маъракаи кишти тирамоҳии зироати ғалладона кишти он дар майдони 198,4 ҳазор гектар анҷом дода шуд, ки нисбат ба нақша 1% бештар мебошад.

Дар Вазорати кишоварзӣ умедворанд, ки имсол ҳам мисли соли гузашта ҳосили гандум ба даст оварда мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта 1,1 млн. тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ шуд, ки беш аз 900 ҳазор тоннаашро гандум ташкил дод.

Қобили зикр аст, ки соли 2012 кишоварзони тоҷик дар ҳаҷми 1200 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ба даст оварданд. Соли 2012 дар ҷумҳурӣ 801,2 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 74,3 ҳазор тонна камтар буд. Соли 2009 дар Тоҷикистон ҳосили баландтарини гандум ҷамъоварӣ шуд, ки 938,4 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Талаботи солонаи Тоҷикистон ба гандум 1,5 млн. тоннаро ташкил дода, аз ин ҳаҷм ҳудуди 70% аз Қазоқистон ворид карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.